Ифтитоҳи маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони Шоҳин дар Қайроққум
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар»).-Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи фароғатии шаҳри Қайроққум маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони Шоҳин, ки дар заминаи собиқ фароғатгоҳи Уқобча–и корхонаи воҳиди давлатии Востокредмет бунёд ёфтааст, ифтитоҳ ёфт.Навсозии куллӣ ва дубора ба истифодаи васеъ додани ин иншооти истироҳатию солимгардонӣ бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.Маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони Шоҳин дар масоҳати умумии 19 га доман паҳн намуда, аз биноҳои дуошёнаи маъмурият, хобгоҳ, бинои таълимӣ, ошхона, майдончаи бачагона, се ҳавзи шиноварӣ, майдони футбол, амфитеатр ва ҳашт хобгоҳи тобистонаи якошёна иборат мебошад. Ин иншооти истироҳатию солимгардонӣ, ки бо тарҳи зебою дилкаш дорои шароити хуби замонавӣ гардидааст, дар як вақт метавонад наздики 600 нафар кӯдакону наврасонро фаро бигирад.Корҳои ободонию кабудизоркунии марказ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Соли равон дар ҳудуди он наздики 10 ҳазор бех дарахтҳои ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шудааст.Тибқи супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оянда дар ҳудуди ин марказ толори варзишӣ, аквапарк, маркази компутерӣ ва дигар биною инфрасохтори иловагӣ бунёд хоҳад ёфт.Ба ифтихори ифтитоҳи марказ ва ташрифи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон истироҳаткунандагони он барномаи зебою дилнишини фарҳангӣ намоиш доданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






