Имкониятҳои рушд фаровонанд

Июнь 5, 2013 09:56

Бадахшон, 5 май. (АМИТ «Ховар», Ҷ.Улфатшоев).- Як гуруҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии ВМКБ бо сарварии раиси вилоят Қодири Қосим ба ҷамоати деҳоти ноҳияи Дарвоз сафар намуд. Раиси вилоятро дар ин сафар роҳбарони раёсату идораҳои молия, хоҷагии обу ҷангал, бонкҳо ҳамроҳӣ доранд. Тавре ки маълум аст, ҷамоати деҳоти Сағирдашт имкониятҳои васеи рушд дорад. Замони Шӯравӣ Сағирдашт барои чорводорӣ махсус гардонида шуда буд. Ҳоло ғайр аз чорвопарварию занбӯрпарварӣ дигар самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷамоати мазкур ба назар гирифта шудаанд. Хамаи ин самтҳои тараққёбанда дар нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷамоати мазкур инъикос ёфтааст. Баъди боздид аз деҳаҳои ин ҳудуд тадбирҳои иловагии рушди ҷамоат роҳандозӣ мешаванд.

Июнь 5, 2013 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш