Иштироки Э. Раҳмон дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт
Душанбе, 24 июн (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Алкувайт-пойтахти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, ки бо иштироки зиёда аз 150 нафар аз ду ҷониб баргузор гардид, ташриф оварда, суханронӣ намуд.Аз ҷониби роҳбарияти Давлати Кувайт дар форум Сармушовири Девони Амир Абдулло Алмаътук ва Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноат Холид Абдулло Ассақр иштирок намуданд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла изҳор дошт: “бояд эътироф намуд, ки сатҳ ва мазмуни ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва раванди сармоягузорӣ ба имконоту ниёзҳои имрӯзӣ ва манфиатҳои миллии ду кишвар ҳанӯз ҷавобгӯй нест ва мо бояд сатҳ ва мазмуни сифатан нави ҳамкории дуҷонибаи гуногунсоҳаро эҷод намоем”.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имконоти васею мусоиди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти рӯй ба рушди Тоҷҷикистонро бевосита муаррифӣ намуда, соҳибкорону сармоягузорони бонуфузи кувайтиро ба роҳандозии робитаҳои судбахш бо кишвари мо ташвиқ намуд.Аз соҳибкорони кувайтӣ даъват карда шуд, ки ба Тоҷикистон дастаҷамъона сафар карда, бо имконоту шароити ҳамкорӣ бевосита шинос шаванд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди шиносоии наздик бо табиати биҳиштосо ва имконоти фарохи ҳамкорӣ дар дили ҳар як соҳибкори кувайтӣ хоҳиши ба роҳ мондани робитаҳои судбахш бештар мегардад.Дар охири қисмати ифтитоҳии форум миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.Тавофуқоти зиёди дигар миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ҳосил гардид. Тавре аён гардид, соҳибкорону сармоягузорони кувайтӣ ба соҳаҳои гидроэнегетика, кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






