Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар тӯйи хайрияи 64 ҷуфти ҷавон
Душанбе, 27 июн (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон тӯйи хайрияи 64 ҷуфти ҷавон, ки ятимону бепарасторон ва аз оилаҳои камбизот мебошанд, дастаҷамъона баргузор гардид.Хотиррасон бояд намуд, ки солҳои охир бо ибтикори саховатмандонаю ҷавонмардонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастаҷамъона ва хайрия баргузор намудани хатнасур ва тӯйҳои арусии кӯдакону ҷавонони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ба ҳукми анъана даромадааст.Хусусан пас аз даъвати навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми сарватманду саховатпеша, ки дар Паёми имсолаи ӯ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буд, чунин чорабиниҳои дастаҷамъона афзун гардид. Чорабинии имрӯза низ дар пайравӣ ва дастгирии ҳамин даъватҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии аҳолии табақаҳои ниёзманди пойтахт, пеш аз ҳама ҷавононе, ки аз падару модар ятим мондаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ин рӯзи саиду муборак ва муқаддас, яъне рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, рост омадани маросими оиладоршавии ин ҷавонони хуштолеъро барояшон фоли нек номида, таманно намуд, ки “фазои орому осуда, созандаю созгор ва муҳаббату самимияти оилавӣ ҳамеша дар хонадони онҳо муҳайёву пойдор бошад”.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ҳамчунин ба барпо намудани оилаҳои солиму хушбахт, тифоқу устувор ва дар оянда ба таълиму тарбияи дурусти фарзандони номбардори давлату миллат ҳидоят намуд.Сипас маросими оиладоршавии 64 ҷуфти ҷавон, ки ба истиқболи солгарди 16-уми Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон 16 ҷуфтӣ аз 4 ноҳияи пойтахт мебошанд, бо базму тараби идона ва дилхушии дастаҷамъона идома ёфт.Ҳар як ҷуфти ҷавон аз кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои хотиравии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бархӯрдор гардиданд, ки барои оғози зиндагии хушбахти оилавӣ дастгирии арзишманд аст.Ҷавонони хуштолеъи навхонадор ва ҳам бисёр ҷавонону наврасони дигар, ки дар ин маросим иштирок доштанд, бо истифода аз фурсати ғанимат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аксҳои хотиравӣ гирифтанд.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






