Иштироки Г. Шерали дар конфронси байналмилалӣ
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Дар доираи конфронси байналмилалии «Энергияи атомӣ дар асри 21», ки рӯзҳои 27 то 29 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад, 26 июни соли 2013 мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори генералии Корпоратсияи давлатии энергияи атомӣ «Росатом» С. Кириенко баргузор гардид. Ҷонибҳо аз баргузории чунин як конфронси бонуфуз изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки он барои ҳамоҳангии фаъолияти кишварҳо дар самти энергияи ҳастаӣ мусоидат хоҳад кард. Ёдовар бояд шуд ки чорабинии мазкур бо ибтикори Созмони байналмилалии МАГАТЭ бо пазироии Ҳукумати Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои саҳми нерӯи ҳастаӣ дар рушди устувор, ҳамкории байналмилалӣ, дастовардҳо дар бахши инфрасохтор ва технология мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамзамон, дар баробари конфронс конгресси «АТОМЭКСПО-2013», ки мавзӯи асосии он аз ҳамкории ширкатҳои ҷаҳонии саноати ҳастаӣ иборат буда, дар доираи он форуми индустралӣ дар назар дошта шудааст, баргузор хоҳад гардид. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2001 ба узвияти ин созмон пазируфта шудааст.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






