Иштироки Сарвари давлат дар иди зардолу
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»).- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд омада, дар тантанаҳои иди Зардолу иштирок намуд.Чунонки аён гардид, дар ин ҷо навъҳои гуногуни зардолуро аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба намоиш баровардаанд. Дар ин ҷо тамоми навъҳои зардолуи тару тоза ва зардолую дигар меваҳои шаҳдбор дар шакли хушк ва консерва ба чашм мерасид.Хотиррасон бояд намуд, бо дастуру супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, боғу токзори зиёди куҳна барқарор гардид. Ин аст, ки фаровонии меваю сабзавот дар бозори дохилӣ сол ба сол бештар гардида, нишондодҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ рӯй ба афзоиш овардаанд. То имрӯз дар вилояти Суғд 54 ҳазор тонна зардолуи тару тоза ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳосили пурраи соли 2012 7 ҳазор тонна зиёд аст. Танҳо дар 5 моҳи соли равон беш аз 40 ҳазор тонна зардолуи хушк аз ҳосили солҳои пешин аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар содир карда шудааст. Хушксозии ҳосили имсола бошад, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо васеъ ба роҳ монда шудааст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асили вилоят ва ҳам роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои онро ба афзун кардани нишондодҳои боғутокпарварӣ, васеъ намудани боғоти олуи сиёҳ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон метавонад дар соҳаи парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад.Дар ин намоишгоҳ, ҳамчунин намунаҳои беҳтарини тамоми навъҳои меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти замбури асал, гулу гулбуттаҳои ороиши хона ва кӯчаю хиёбонҳо ба чашм мерасид. Дар воқеъ ин намоишгоҳ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон нафар сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба ҷашнгоҳи бузурги Иди зардолу табдил ёфт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






