Истиқбол аз Ваҳдати миллӣ дар «Фурудгоҳ»
Душанбе, 26 июн.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар КИИ «Фурудгоҳ» бо иштироки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва собиқадорони соҳаи авиатсия имрӯз доир гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур А.Қаландаров иттилоъ дод, дар музокира кормандон баромад карда, оиди ба даст овардани истиқрори сулҳи тоҷикон, заҳмати пайвастаи мардони миллат андешаронӣ намуданд. Вобаста ба қисми сеюми барнома, ки таҳти унвони хотираҳо ном дошт, собиқадорони соҳаи авиатсия Т. Қурбонов ва С. Табаров аз солҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ёддоштҳову хотираҳои худ қисса намуданд. Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур К. Шамшеров аз дастовардҳои ҲХДТ, пешрафти Тоҷикистон сухан ронда, ҳозиринро бо Рўзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд ва ба даҳ нафар кормандоне, ки ба сафи ҲХДТ ба тозагӣ пайвастанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






