Изҳороти Николай Бордюжа тавассути радио

Июнь 20, 2013 11:02

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар»). – Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа тавассути шабакаи радиои «Голос России» изҳор дошт, ки созмони мазкур мавзӯъҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД — ро ба таври ҷиддӣ тарҳрезӣ менамояд. «Мо гуруҳи дахлдори корӣ дорем, ки ин фаъолиятро танзим менамояд», — гуфт Николай Бордюжа.Назар ба гуфтаи Николай Бордюжа дар ҳошияи СААД мунтазам амалиёти «Прокси» роҳандозӣ мешавад, ки мақсад аз он мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои иттилоот мебошад.Дабири кулли СААД ҳамчунин изҳор дошт, ки ҳар сол дар ҷараёни амалиёти «Прокси» теъдоди зиёди чунин захираҳои иттилоотӣ пайдо мегарданд. Николай Бордюжа хабар дод, ки дар доираи созмон Маркази технологияҳои муосири иттилоотӣ фаъолият дорад, ки дар он мутахассисони соҳаи амнияти иттилоотӣ барои давлатҳои аъзои СААД тарбия мешаванд.

Июнь 20, 2013 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш