Кӯмак ба ятимон

Июнь 18, 2013 11:03

Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар»). – Ба ифтихори иди Рӯзи мусолиҳа ва ваҳдати миллӣ ба ятимони вилояти Суғд туҳфаҳо тақдим шуданд. Мувофиқи хабари дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Истиқлол Матлуба Сатторова, ба 5 нафар ятимон аз номи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳазор сомонӣ ва сару либос тақдим кард. Дар ин чорабинӣ ёвари Президенти ҶТ Темур Содиқов, ҳамчунин намояндагони маъмурияти вилоят ширкат доштанд. Қобили зикр аст, ки дар ҳамаи 18 минтақаи вилояти Суғд аз номи Сарвари давлат ба ятимон ёрии моддӣ расонида мешавад.

Июнь 18, 2013 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш