Кӯмаки моддӣ ба 175 ятими бепадару модар

Июнь 20, 2013 13:15

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳангии арбоби вилояти Суғд ба 175 нафар ятимони бе падару модар кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.Аз кумакҳои моддии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст 87 нафар мактаббачоне, ки аз падару модар ятим мондаанд, бархӯрдор гардиданд.Ба 88 нафар донишҷӯёни ятими бе падару модар низ туҳфаҳои хотиравӣ ва кумаки моддӣ, аз ҷумла яктогӣ планшетҳои Samsung galaxy tab 2, ки барои донишҷӯён айни муддао аст, тақдим гардид.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаббачагону донишҷӯёни ятимро ба хониши хубу аъло, аз худ намудани илму техникаи муосир ва касбу ҳунари матлуби замон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ҳеҷ гоҳ худро ятиму бепарастор эҳсос накунанд.Хотиррасон бояд намуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми сарватманду саховатпешаро ба дастгирии ҳамаҷонибаи ятимону бепарасторон, пеш аз ҳама онҳое, ки ҳам аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, даъват карда буд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи рӯзҳои сафари корӣ ба вилояти Суғд дар иҷрои ин даъват ташаббуси ибратбахш нишон дод. Дар натиҷа тайи ин рӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд ба 878 нафар ятимони бе падару модар кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои хотиравии Сарвари давлат дастрас гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 20, 2013 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш