Китобхона ғанӣ гардид

Июнь 7, 2013 10:58

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Маъмурияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи умумии 5 ҳазор сомонӣ китобҳои гуногун харидорӣ намуд, ки онҳо дар байни муассисаҳои фарҳанг ва китобхонаҳо тақсим карда мешаванд. Мувофиқи хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, чанде пеш намояндагони зиёиёни эҷодкор, олимони забоншинос ва шоирону нависандагони ҷумҳурӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо корҷавонон, донишҷӯён ва мактабиён вохӯриҳо анҷом доданд. Зимни вохӯриҳо сухан аз нақшаҳои эҷодӣ рафта, саҳми сарвари давлат ба дастовардҳои илму фарҳанг тайи 20 соли охир зикр гардида, дар анҷоми мулоқот ба ноҳия 800 адад китоб тақдим гардид.

Июнь 7, 2013 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш