Конфронси илмию амалӣ

Июнь 26, 2013 16:03

Душанбе 26 июн (АМИТ “Ховар”, Фотима Қувватова) — 28 июни соли 2013 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии “Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ: мушкилот ва дурнамо” баргузор мегардад. Дар конфронс олимон, мутахассисон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таълимоти олӣ, коршиносону кормандони созмонҳои байналмилалии фаъол дар Тоҷикистон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ иштирок мекунанд.

Июнь 26, 2013 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш