Конфронси илмию амалӣ бахщида ба 100 – солагии Ҷ.Расулов

Июнь 26, 2013 11:41

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – 24 июн дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва сиёсати шаҳри Хуҷанд бахшида ба 100 — солагии зодрӯзи ходими намоёни сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс олимони намоёни таърихшинос, намояндагони зиёиёни илмию эҷодӣ, ҳамчунин собиқ ҳамтоёну ҳамсафони Ҷаббор Расулов ширкат доштанд. Дар ҷараёни конфронс, ки дар он беш аз 100 нафар иштирок доштанд, саҳми Ҷаббор Расулов б а ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар зикр гардид. Ҷаббор Расулов аз соли 1961 то соли 1982 дар мансаби муншии аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон кор карда, тайи солҳои фаъолияташ ба шукуфоии ҷумҳурӣ ҳиссаи бузург гузошт.

Июнь 26, 2013 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш