Корхонаи ордкашӣ бунёд мешавад

Июнь 20, 2013 11:13

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар»). – Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Лариса Кислякова, президенти гуруҳи ширкати «Тугур» — и Туркия Иброҳим Канполат ва котиби сеюми Сафорати Тоҷикистон дар Туркия Субҳон Қурбонов масоили ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуданд.Намояндаи гуруҳи ширкати Туркия, ки ба истеҳсоли маводи ғизоӣ, сохтмони роҳу кӯпрукҳо машғул аст, аз фаъолияти гуруҳи мазкур ва имконияти дар Тоҷикистон бунёд намудани корхонаи ордкашӣ нақл кард. Ҷонибҳо ҳамчунин якчанд усулҳои ҳамкории имконпазир бо иштироки вазоратҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор дода, масоили ба манзури сохтмони корхонаи ордкашӣ аз бонки Туркия гирифтани қарзро муҳокима намуданд.

Июнь 20, 2013 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш