Кори хайру савоб

Июнь 3, 2013 09:08

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Маркази «Киштӣ» муассисаест, ки бо роҳҳои тандармонӣ ва кордармонӣ, инчунин бо роҳҳои фаҳмонидани усулҳои офиятбахшӣ барои кӯдакони нуқси маъюбиятдошта кӯмак мерасонад. Аз оғози фаъолияташ ин ташкилот ба беш аз 2 ҳазор кӯдак, ки дар ҳолати буҳронӣ буданд, ёрии амалӣ расонидааст. Маркази «Киштӣ» бо ёрии Вазорати тандурустӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб — «Иштирок» бо ҳамроҳии ташкилоти хайриявии HealthProm ташкил шудааст. Инак, соли дуюм аст, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ кормандони ин марказ, ки аз 12 нафар иборатанд, бо маоши вазорати мазкур таъминанд.

Июнь 3, 2013 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш