«Корвони китоб» ва ҳаракати хатсайри он
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар»).-Ҷиҳати мукаммал гардонидани фонди китобхонаҳои давлатию оммавии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 май то 28 июни соли 2013 тавассути ҳаракати «Корвони китоб» ба таври ройгон 20 ҳазору 958 нусха китоб ба маблағи беш аз 156 ҳазор сомонӣ дастрас менамояд. Ҳаракати «Корвони китоб» тибқи «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ва нақшаи чорабиниҳои Вазорати фарҳанг барои соли 2013 сурат гирифта, дар доираи он ба таври ройгон 20958 нусха китоб ба маблағи беш аз 156 ҳазор сомонӣ ва 35977 нусха формуляр ба маблағи қариб 9 ҳазор сомонӣ дастрас мегардад. Аз ҷумла ба вилояти Суғд 5396 нусха китоб ба маблағи 40847 сомонӣ ва 9500 нусха формуляр ба маблағи 2375 сомонӣ, вилояти Хатлон 8160 нусха китоб ба маблағи 61019 сомонӣ ва 14000 нусха формуляр ба маблағи 3500 сомонӣ, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 2880 нусха китоб ба маблағи 21587 сомонӣ ва 5000 нусха формуляр ба маблағи 1250 сомонӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4522 нусха китоб ба маблағи 32852 сомонӣ ва 7477 нусха формуляр ба маблағи 1869 сомонӣ расонида мешавад. Ҳамзамон Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки шоирону нависандагон ва муаллифони китобҳо вохӯрию маҳфилҳои адабӣ гузаронида, ярмарка — фурӯши минтақавии китобҳои тозанашри солҳои охирро ташкил менамояд.Хатсайри ҳаракати «Корвони китоб» ва баргузории ярмарка — фурӯши минтақавии китобҳои тозанашр аз 25 май то 1 июн дар вилояти Суғд, аз 3 то 10 июн дар вилояти Хатлон, аз 12 то 19 июн дар ВМКБ ва аз 21 то 28 июн дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






