Курсҳои омӯзишӣ дар Мастчоҳи Куҳӣ

Июнь 14, 2013 11:19

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар се деҳаи ҷамоати Лангари ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ коргоҳҳои таълимию касбомӯзӣ барои шахсони синнашон то 35 кушода шуданд. Мувофиқи суханони раиси ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Сӯҳроб Охунов, хароҷоти ифтитоҳи курсҳоро Вазорати меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст. Тайи шаш моҳ беш аз 100 нафар касби дӯзандагиро омӯхта, баъди анҷоми таҳсил ба онҳо тасдиқномаҳо дода мешаванд. Вақтҳои наздиктарин Вазорати меҳнат ва таъминоти иҷтимоии кишвар барои кушодани боз якчанд курсҳои таълими забони англисӣ мусоидат мекунад.

Июнь 14, 2013 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш