Мақола дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон дар рӯзномаи «ал-Ҳаёт»-и Арабистони Саудӣ

Июнь 5, 2013 15:22

Душанбе, 5 июн. (АМИТ “Ховар”).-3 июни соли 2013 рӯзномаи умумиарабии «ал-Ҳаёт» дар бораи тоҷикон, Тоҷикистон ва китоби «Хазинаи тиллоии тоҷикон» мақолаи калонҳаҷме чоп кард.Дар бораи таърихи тоҷикон муаллифи мақола, аз ҷумла навиштааст, ки дар ҷаҳони андешаи тамаддуни исломӣ Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ муаллифи «Саҳеҳ», фақеҳон ва муаллифони тафсир, ба монанди Абу Лайси Самарқандӣ ва Абу Мансури Мотридӣ аз фарзонагони асри даҳ, Абу Райҳони Берунӣ, шайх-ур-раис Абу Алӣ ибни Сино ва бунёдгузори низоми донишгоҳҳои исломӣ дар ҷаҳони ислом Абулҳасан ибни Алӣ, ки бо тахаллуси хоҷа Низомулмулк маъруф мебошад, муаллифи «Эҳёи улуми дин» аллома Абу Ҳомиди Ғаззолӣ, ки дар донишгоҳи «Низомия»-и Низомулмулк дар қатори дигарон дарс хондааст ва даҳҳо нафар дигарон, аз ниёгони тоҷикон буда, дар айни замон мояи ифтихори ҳама мусулмонон ва инсоният мебошанд.Сипас муаллиф ба замони таърихи навини тоҷикон рӯ оварда, навиштааст, ки мутаассифона дар оғози истиқлолият Тоҷикистон дучори ҷанги дохилӣ шуд. Дар ин бобат муаллиф айнан навиштааст, ки: «Баргардонидани ҳаёт ба маҷрои табиӣ хидмати пешвоёни ҳар ду тараф ва шахсан хидмати Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист кишварро аз фалокати афғонишавӣ ва ё сомалишавӣ ва кишварҳои дигар, ки аз паи ҷангҳои дохилӣ хароб шудаанд, наҷот диҳад. Ӯ буд, ки ба муқовимати сахти ҳатто тарафдорони худ нигоҳ накарда, исрор карда буд, то дар кишваре, ки нав аз сотсиализм баромада буд, Конститутсия фаъолияти сиёсии ҳизби диниро (исломӣ) пешбинӣ кунад.»Сипас муаллифи мақола ба муаррифии китоби «Хазинаи тиллоии тоҷикон» пардохта, ба хонанда дар бораи китоб, махсусият ва маданияти тоҷикон дар умум маълумоти арзанда манзур намудааст.

Июнь 5, 2013 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш