Маблағи пардохти нафақаҳо

Июнь 19, 2013 11:45

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз моҳи январ то моҳи майи соли равон маблағи пардохти нафақаю ёрдампулӣ дар Тоҷикистон беш аз 555 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар давраи ҳисобот маблағҳои тахсисдодаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар беш аз 548 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил дод. Назар ба маълумоти оморӣ, теъдоди нафақагирон то 1 июни соли равон беш аз 603 ҳазору 500 нафарро ташкил медиҳад. Хотирнишон месозем, ки ҳаҷми нафақаи ҳадди ақал дар Тоҷикистон баробари 150 сомонӣ мебошад.

Июнь 19, 2013 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш