Махзани омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ

Июнь 26, 2013 16:24

Ҳисор, 26 июн.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Соли оянда аз таъсисёбии Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор 50 сол сипарӣ мегардад. Ин муассисаи бонуфуз дар тайёр кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ саҳми босазо дорад. Алҳол дар таълимгоҳи мазкур беш аз 200 нафар толибилмон таҳсил намуда, худро ҳамаҷониба ба тарбияи насли наврас тайёр менамоянд.Дар омӯзишгоҳ зиёда аз 30 нафар муаллимони варзида ба таълиму тадриси донишҷӯён машғуланд. Тибқи нақшаи кулл бахшида ба 3 ҳазорсолагии Ҳисор таълимгоҳи мазкур бо бинои нав ва хобгоҳ таъмин хоҳад гашт.

Июнь 26, 2013 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш