Маросими муаррифии маҷаллаи «Контимост» — и Чин

Июнь 3, 2013 11:30

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими интишори расмии маҷаллаи «Пули қитъавӣ» — и Чин дар Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷаллаи мазкур аввалин нашрияи махсусест, ки ба забони тоҷикӣ аз чоп баромада, дар он дар бораи ҳамкории кишвари Чину Тоҷикистон нақл карда мешавад. Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсояи бузургтарину дӯсти Тоҷикистон ба шумор рафта, яке аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳон аст, ки имрӯз аз нигоҳи ҳаҷми иқтисодиёт дар ҷаҳон мақоми дуюмро касб менамояд. Дар ин маросим намояндагони доираҳои расмиию ҷамъиятии Тоҷикистону Чин ширкат доштанд.

Июнь 3, 2013 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш