Машварати кории Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони Суғд

Июнь 20, 2013 13:20

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази фарҳангу фароғати қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияи он машварати васеи корӣ доир намуд.Дар машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд тайи солҳои охир ва дар 5 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 20, 2013 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш