Мавқеи Вазорати маорифи ҶТ дар масъалаи хати ниёкон
Душанбе, 12 июн, (АМИТ «Ховар»).- Бо ишора ба хабаргузории «Форс» як қатор расонаҳои иттилоотӣ хабареро дар бораи мулоқоти вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов бо муовини вазири омўзиш ва парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Алиасғари Яздонӣ, ки рўзи 4 июни соли ҷорӣ баргузор гашт, мунташир кардаанд. Ин хабаргузорӣ аз ҷумла навиштааст: «Алиасғари Шеърдўст, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ (ки дар ин мулоқот ҳузур доштааст), бо баёни ин ки Тоҷикистон қонуне тасвиб карда, ки дар муддати 10 сол алифбои идорӣ ва мукотиботи расмии ин кишвар, аз алифбои сириллик ба алифбои ниёкон (порсӣ) тағйир кунад, Эронро танҳо кишваре донист, ки метавонад дар ин масир ба Тоҷикистон кўмак кунад.»Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рўшанӣ андохтан ба ин хабари носаҳеҳ иттилоъ медиҳад, ки дар рафти мулоқоти вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов бо муовини вазири омўзиш ва парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Алиасғари Яздонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Алиасғари Шеърдўст танҳо масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф ва ҳамкории ин давлатҳо дар ин самт, аз қабили кўмак ва мусоидати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чопи 10 китоби бадеӣ бо теъдоди 400 ҳазор нусха бо ҳуруфоти сириллик барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, табодули устодони ду кишвар, ҷалби теъдоде чанд аз устодон ва коршиносони соҳибтаҷрибаи риштаҳои улуми табиатшиносӣ ва информатикаи Эрон барои такмили ихтисоси муаллимону кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон, пас аз омода ва тасдиқ шудани стандартҳои фаннии таҳсилоти умумӣ дар соли таҳсили 2015-2016 мусоидат дар чопи китобҳои дарсии «Алифбои ниёкон» барои синфҳои 4-7, кўмак дар муҷаҳҳаз намудани корхонаи воҳиди давлатии «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» бо технологияи ҳозиразамони полиграфӣ мавриди муҳокима қарор доштанд. Дар рафти мулоқот дар хусуси тағйир кардани алифбои сириллик ба алифбои ниёкон дар алифбои идорӣ ва мукотиботи расмӣ дар муддати даҳ соли наздик сухане садо надода буд. Ҳамзамон, чунин қонун ё барномае ҳам то кунун дар ҷумҳурӣ арзи ҳастӣ накардааст.Вобаста ба ин масъала мавқеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири маориф муайян аст, ки он аз забони вазири маориф Нуриддин Саидов дар нишасти матбуотии вазорат рўзи 7 январи соли 2013 садо дода буд. Бо риояи арзи эҳтиром ба хатти форсӣ Вазорати маориф баён менамояд, ки мавқеи худро ҳеҷ гоҳ тағйир надодааст ва тағйир намедиҳад.Омўзиши алифбои ниёкон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи нақшаи таълимӣ аз синфи чор шурўъ мешавад ва он то синфи ҳафт идома меёбад. Шурўъ аз синфи ҳашт ҳаводорони алифбои ниёкон метавонанд аз китоби «Баёзи адабиёт», ки бо ҳуруфоти форсӣ чоп шудааст, истифода кунанд. Бо назардошти ин, Вазорати маориф хабари интишоршударо таҳрифи воқеият ва дур аз ҳақиқат, ҳамчунин дурўғи маҳз медонад, ки аз ҷониби гурўҳи манфиатдоре рўйи чоп омадааст. Котиботи матбуотии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






