Минтақаҳои куҳии Тоҷикистон рушд меёбанд

Июнь 14, 2013 16:53

Душанбе, 14 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар оянда минтақаҳои куҳии Тоҷикистон, ки дар баландии беш аз 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор доранд, ба рушди устувор мушарраф хоҳанд шуд. Дар робита палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ахиран лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Олимҷон Сафаров- вакили палатаи поёнии Парлумони мамлакат мегӯяд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба минтақаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, барои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии ин минтақаҳо, оқилона ва самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ, таъмини амнияти экологии ғизоӣ дар минтақаҳои куҳие, ки дар баландии беш аз 2000 метр ҷойгир шудаанд, нақшии муассир мебозад. Минтақаҳои куҳии Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин манбаи обу энергия ва маъдану гуногунии биологӣ, маҳсулоти ҷангал, маҳалли пешрафти кишоварзӣ ва дар дар баробари ин мавзеи саёҳату истироҳат ва зиёрат маҳсуб меёбад. Лоиҳаи қонун принсипҳои сиёсати давлатӣ, идоракунӣ ва танзими давлатии рушди минтақаҳои куҳӣ, афзалияти дастгирии минтақаҳои куҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои аҳолии минтақаҳои куҳӣ ва манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои рушди минтақаҳои куҳиро ба танзим дароварда, он барои рушди устувори минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 3 боб ва 15 модда иборат буда, ҷавобгӯи талаботи боби 13 «Рушди устувори минтақаҳои куҳӣ» -и Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва Рушди устувор аст, ки дар он зикр шудааст, ки «Минтақаҳои куҳӣ ин сарват ва боигарии азими миллии ҳар як мамлакат аст». Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон кишвари куҳсор буда, 93 %-и қаламравашро кӯҳҳо ва танҳо 7%-и ҳудудашро ҳамворӣ ташкил медиҳад.

Июнь 14, 2013 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш