Мизи мудаввар аз рӯи масъалаи нашъамандӣ

Июнь 19, 2013 11:41

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 18 июн Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ зимни ҳамкорӣ бо созмони башардӯстонаи «СПИД, Хазинаи Шарқу Ғарб» — и Голландия ба ифтихори Рӯзи байналмилалии мубориза бо маводи нашъаовар ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мизи мудаввар доир намуд, ки дар кори он намояндагони созмонҳои давлатию ғайриҳукуматӣ ширкат доштанд. Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Бунафша Одинаева ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки сарфи назар аз натиҷаҳои мусбат дар бахши ҷилавгирии нашъамандӣ, дар кишвар тамоюли ба нашъамандӣ машғул шудани қисми муайяни аҳолӣ ва паҳншавии ВИЧ/СПИД ба назар мерасад.Дар ҷараёни мубоҳиса дар мавриди ҳамкории байни бахши давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешниҳодоти зиёде ироа шуд.Мизи мудаввар дар ҳошияи лоиҳаи «Тансиҳатӣ ва ҳуқуқҳои нашъамандон» баргузор гардид.

Июнь 19, 2013 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш