Муҳокимаи масъалаи доир намудани намоишгоҳ

Июнь 14, 2013 11:19

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва директори Раёсати намоишгоҳу ярмаркаҳои Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия И.Коротин дар ҷараёни мулоқот имконияти солҳои 2013 ва 2014 дар Тоҷикистон доир намудани намоишгоҳҳои Федератсияи Русия ва дар минтақаҳои Федератсияи Русия ташкил намудани намоишгоҳҳои бахши иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима намуданд. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин масоили заминаи қонунии ташкили намоишгоҳҳо дар Федератсияи Русия, таҳияи қонуни нав дар бораи гузоштаи таҳкурсии моддию техникиии фаолияти намоишгоҳҳоро баррасӣ намуданд.Зикр шуд, ки рушди инфрасохтори намоишгоҳу ярмаркаҳо бояд дар фазои мушорикати давлатию инфиродӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.

Июнь 14, 2013 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш