Муҳокимаи масоили ҷилавгирии коррупсия

Июнь 26, 2013 11:39

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 2 июл дар шаҳри Душанбе бахшида ба масоили рушди мушорикати иҷтимоӣ дар бахши ҷилавгирии коррупсия дар Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор мегардад. Мувофиқи хабари намояндагии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон, ин чорабинӣ зимни ҳамкорӣ бо Ҷамъияти кушодаи «Маркази маърифати зидди коррупсия ва тарғибот» ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия роҳандозӣ мешавад. Мақсади асосии мизи мудаввар иборат аз мадад ба рушди ҳамкории судманд дар амри ҷилавгирии коррупсия дар Тоҷикистон аст. Дар кори мизи мудаввар намояндагони сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Июнь 26, 2013 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш