Муҳокимаи вазъияти роҳҳо ва рушди соҳибкорӣ

Июнь 25, 2013 11:43

Қӯрғонтеппа, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа иҷлосияи маҷлиси вакилони мардумии вилояти Хатлон баргузор мешавад. Тавре ки аз маъмурияти вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вакилон ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои мошингард ва хоҷагии роҳ» — ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят «Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» баррасӣ мешавад.

Июнь 25, 2013 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш