Муаллими соли вилояти Хатлон

Июнь 18, 2013 11:03

Қӯрғонтеппа, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Муаллими фанни риёзии шаҳри Норак Давлатшо Назаров Муаллими соли вилояти Хатлон дониста шуд. Тавре ки аз раёсати маорифи вилояти Хатлон ба АМИТ Ховар» хабар доданд, дар озмун 23 нафар ғолибони озмунҳои ноҳиявӣ иштирок доштанд. Мувофиқи маълумоти комиссия, ғолибони озмун дар рӯзномаю маҷаллаҳо якчанд маводи илмию услубӣ чоп карда буданд. Муаллимаи ноҳияи Ҷилликӯл Гулнора Авезова ҷойи дуюм ва омӯзгори ноҳияи Вахш Хайри Камолова ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Июнь 18, 2013 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш