Муаррифии Тоҷикистон дар Академияи дипломатии Вена

Июнь 18, 2013 09:23

Душанбе 18 июн (АМИТ «Ховар»).- Чанде қабл дар Академияи дипломатии Вена бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон Австрия дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти «Ховари миёна» симпозиуми илмӣ бахшида ба Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ибтидои симпозиум Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалии Вена Исматулло Насридинов қайд кард, ки баргузории чунин маъракаҳо оид ба дастрас гардидани маълумоти муфассал дар бораи Тоҷикистон барои доираҳои гуногуни Австрия муфид хоҳад буд. Дар ин чорабинӣ узви вобастаи Академияи илмҳои Австрия профессор Берт Фрагнер, профессори Донишгоҳи ба номи Ҳумболти шаҳри Берлин Лутс Жеҳак, профессор Тим Эпкенҳанс аз Донишгоҳи Фрайбурги Олмон ва Директори Департаменти кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Балкани Ҷанубӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва ташаббуси Аврупои Марказии Вазорати федеролии Австрия марбут ба корҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ сафир Ҳайдемария Гюрер баромад намуданд. Дар маърӯзаҳои худ баромадкунандагон таваҷҷуҳро бештар ба мавзуъҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия зоҳир намуданд. Дар рафти чорабинӣ ба маърази иштироккунандагон китобҳо дар бораи фарҳанги тоҷикон ва маводи таблиғотӣ роҷеъ ба имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ва туризм гузошта шуданд.

Июнь 18, 2013 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш