Муллоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Шӯрои машваратии ширкати MAI Resources International

Июнь 25, 2013 16:20

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Алкувайт бо Раиси Шӯрои машваратии ширкати муштараки кувайтию шведсарии MAI Resources International Абдурраҳмон ал Авадҳиро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили гуногуни ҳамкорӣ, пеш аз ҳама мавзӯъҳои вобаста ба таъмини Кувайт ва дигар кишварҳои халиҷӣ бо оби поки нӯшокӣ баррасӣ шуд.Тавре зикр гардид, ин ширкат ба захираҳои фаровони оби ошомидании Тоҷикистон, аз ҷумла аз кули Сарез таваҷҷуҳи хос дорад. Аз ин хотир, доир ба роҳҳои ба Кувайт дастрас намудани оби тоза аз Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 25, 2013 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш