Мулоқот дар ҳузури Сафири Тоҷикистон

Июнь 19, 2013 11:42

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»). – Дар шаҳри Берлин мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов бо менеҷери иҷроия ва вакили ширкати «Кнауф» — и Олмон Александр Блумҳардт баргузор гардид.Дар ҷараёни сӯҳбат масоили иштироки ширкати «Кнауф» — и Олмон дар татбиқи лоиҳаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Намояндаи ширкати «Кнауф» перомуни сиёсати бахши сармоягузории ширкат ва дурнамои рушди фаъолияти он дар Тоҷикистон нақл кард. Аз ҷумла, зикр шуд, ки ширкати мазкур нақшаи дар Тоҷикистон кашф намудани конҳои гаҷ ва истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ аз ашёи хоми маҳаллиро тарҳрезӣ намудааст. Хотирнишон месозем, ки гуруҳи байналмилалии ширкати «Кнауф» яке аз истеҳсолкунандагони асосии маводи сохтмонӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Июнь 19, 2013 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш