Мулоқот дар ВКХ Тоҷикистон

Июнь 12, 2013 11:37

Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар»). – 11 июн вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот аз вазъи ҳозираи муносибатҳои дутарафа изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуданд, ки ба дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории ҳар ду кишвар назари нек доранд. Ҷонибҳо аз рӯи доираи васеи масоили рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, дар бахшҳои иқтисодиёт, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Июнь 12, 2013 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш