Мулоқоти Ҷ.Норинов бо Дидйе Леруа

Июнь 7, 2013 10:57

Душанбе,7 июн.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Норинов сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидйе Леруаро дирӯз ба ҳузур пазируфт. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо аз густариши равобити миёни Тоҷикистону Фаронса ёдовар шуда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд.Муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Норинов аз пешравии соҳаи иқтисод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан вилояти Суғд сухан ронда, зикр намуд, ки молҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тадриҷан ба бозори ҷаҳонӣ бароварда мешаванд. Ӯ ҳамзамон аз сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд, ки ба ташкили форуми соҳибкорони ин кишвар дар вилояти Суғд мусоидат намояд. Ҷамшед Норинов ин амрро барои ҷалби сармояи Фаронса ба иқтисодиёти вилоят муҳим арзёбӣ кард.Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидйе Леруа аз истиқболи гарми мизбонон изҳори хушнудӣ намуд ва зикр кард, ки ошиқи фарҳангу адаби тоҷику форс аст. Сафири Фаронса ҳамчунин аз ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд, ки мувофиқи созишномаҳои дуҷониба рӯзҳои наздик боз чанд ширкати фаронсавӣ барои коркарди нафту газ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд.Мавриди зикр аст, ки Дидйе Леруа зимни сафари дурӯзаи худ аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд боздид ба амал меоварад.

Июнь 7, 2013 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш