Мулоқоти аҳли тиҷорати Тоҷикистону Туркия

Июнь 18, 2013 11:04

Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Роҳбарии ҳайати Туркияро узви Анҷумани «Флория» — и соҳибкорони шаҳри Истамбул Озар Демирҷон ба ӯҳда дошт.Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот муовини раиси ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев аз фаъолияти палата нақл карда, зикр намуд, ки мақсад аз ин мулоқот мусоидат ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мебошад. Меҳмонони Туркия аз фаъолияти анҷуман ва ширкатҳои «Негиш Кийим», «Айдошет», «Гулчек Текстил» ва ғайра нақл карданд.Дар фарҷоми мулоқот зикр шуд, ки пешниҳодҳои ширкатҳои Тоҷикистон қобили таваҷҷӯҳ буда ва ба маълумоти аъзои анҷуман расонида мешаванд.

Июнь 18, 2013 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш