Мулоқоти Э. Раҳмон бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз татбиқи лоиҳаҳои сершумор дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, рушди деҳот, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ арзи сипос кард.Вобаста ба имконсанҷии иқтисодию техникӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун изҳори боварӣ карда шуд, ин кор таҳти васоёи Бонки ҷаҳонӣ босифат, шаффоф ва ба таври мустақил дар ояндаи наздик ба поён мерасад.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба таҳияи стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ барои 4 соли оянда, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманситон ва дигар мавзӯъҳо сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






