Мулоқоти Э. Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки осиёии рушд
Душанбе, 13 июн (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиаоу Жаоро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон наздики 1 миллиард доллари амрикоӣ дар шакли қарзҳои имтиёзнок, грант ва кӯмаки техникӣ ҷудо гардидааст. Ҳоло бо маблағи 600 миллион доллари амрикоӣ аз ин бонк, ки аксари кулли он гарнт мебошад, дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, молияи давлатӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор татбиқ мегарданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки осиёии рушд барои дастгирӣ аз рушди иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки дигар низ, аз ҷумла барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар ва таъмини амнияти энергетикӣ, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои маблағгузории таҳияи лоиҳаи сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон арзи сипос карда, ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки Бонки осиёии рушд аз сохтмони ин роҳ низ дастгирӣ хоҳад кард.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба кашидани хатти интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ сурат гирифт.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






