Мулоқоти иқтисоддонҳо бо донишҷӯёни ДДТТ

Июнь 20, 2013 13:09

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар шаҳри Душанбе вохӯрии як гуруҳ устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мутахассисони шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ баргузор гашт. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, иштирокчиёни дар вохӯри баромад намуда қайд намуданд, ки ба СУС ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахши марҳилаи ҳозираи рушди иқтисодии мамлакат буда, бисёр паҳлуҳои ин воқеаи муҳим ҳанӯз ба доираи васеи мардум норавшан мебошанд. Аз ин рӯ ташрифи имрӯзаи мутахассисони вазорат саривақтӣ буда, имкон медиҳад, ки мо ба бисёр масъалаҳои вобата ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба СУС маълумоти муфассал гирем. Инчунин Сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Парвиз Инъомов оид ба раванди дурударози шомилшавӣ ба ин созмон, вазифаҳо ва принсипҳои асосии созишномаҳои СУС, мақсадҳои асосии аъзоёни он ба таври муфассал нақл кард. Дар охир иштирокчиёни вохӯрӣ ба тамоми саволҳои худ оид ба самтҳои гуногуни воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Июнь 20, 2013 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш