Мулоқоти М. Маҳмадаминов бо Сафири ИМА

Июнь 20, 2013 11:49

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Оид ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои кории холӣ, касбомўзии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ 18 июни соли равон вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сюзан Эллиот мулоқот доир намуд. Дар мулоқот масъалаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат, ва пардохти саривақтии нафақаю кўмакпулиҳо мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ҷараёни вохўрӣ Сюзан Элиот изҳори хоҳиш намуд, ки барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои марбут ба салоҳияти вазорат рўзҳои наздик бо фаъолияти МД «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасони «Чорбоғ»» ва МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» аз наздик шинос гардад.

Июнь 20, 2013 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш