Мулоқоти М. Маҳмудов бо фаъолони минтақаи Кӯлоб

Июнь 11, 2013 14:02

Кӯлоб, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Дар шаҳри Кулоб вохӯрии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ва директори Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвоҳид Шамолов бо фаъолони минтақаи Кӯлоб доир шуд. Дар ин вохӯрӣ мӯҳтавои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуда, зикр гардид, ки сиёсати давлат тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро таъмин кардааст.

Июнь 11, 2013 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш