Мулоқоти Низомиддин Зоҳидов бо Виктор Никитюк

Июнь 5, 2013 14:48

Душанбе, 5 июн (АМИТ «Ховар»).- 4 июни соли 2013 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюкро бо хоҳиши ӯ қабул намуд. Дар вохӯрӣ Сафири Украина оид ба Конфронси якуми байналмилалии «АВС: Украина ва ҳамшарикон», ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Украина баргузор мегардад, иттилоъ дода, даъватномаҳоро ба номи шахсони расмии кишвар ҷиҳати иштирок дар он супорид. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои вобаста ба сафари дар пешистодаи раиси САҲА, вазири корҳои хориҷии Украина Л. Кожараро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Июнь 5, 2013 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш