Мулоқоти О. Оқилов бо ҳайати МБИТ

Июнь 26, 2013 17:26

Душанбе , 26 июн. (АМИТ «Ховар» Дилшодаи Хайрулло).- Имрўз Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ҳайати намояндагони Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ (МБИТ) мулоқот кард.Тавре таъкид шуд, аз ба узвияти Маркази байналмилалии илмӣ- техникӣ пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 сол сипарӣ гардид. Дар ин давра аз ҷониби Шўрои идоракунандаи Марказ барои маблағгўзорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 50 лоиҳа ва барномаҳо дар ҳаҷми беш аз 13 миллион доллари амрикоӣ маъқул дониста шудааст, ки дар асоси ин лоиҳа ва барномаҳо беш аз 500 олим ва мутахассисони тоҷик ба омўзиш ва такмили ихтисос фаро гирифта шуда, тадқиқотҳои илмии хешро пеш бурдаанд.Дар мулоқот масъалаи дар оянда беҳбудбахшии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии илмӣ — техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба бахшҳои бештарро фаро гирифтани ин ҳамкориҳо таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардид.

Июнь 26, 2013 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш