Муроҷиати шаҳрвандон ба Парлумон афзоиш ёфтааст

Июнь 28, 2013 15:16

Душанбе, 28 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Аз октябри соли 2012 то имрӯз ба Маҷлиси намояндагон 600 муроҷиату дархости шаҳрвандон ворид гардида, аз ҷониби вакилон бошад беш аз 900 шаҳрванд қабул шуда, дархосту муроҷиати онҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта, нисбати масъалаҳои муроҷиатнамудаи шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешида шудааст». Ин матлабро 28 июн Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти палатаи поёнии Парлумони мамлакат ироа намуд. Раиси Парлумон афзуд, ки муроҷиату дархости шаҳрвандон асосан марбут ба масъалаҳои тақсимоти қитъаи замин, даъвоҳои манзилӣ, таъмини об ва адолати судӣ будаанд. Афзоиши муроҷиату дархости шаҳрвандонро ба Парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар бемасъулиятии сохторҳои давлатӣ арзёбӣ намуда, пешниҳод кард, ки барои муайян намудани ниҳоди бемасъулият мониторинг гузаронида шавад. Шукурҷон Зуҳуров фаъолияти вакилони палатаи поёнии кишварро дар ин давра босамар арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин давра 187 қонуну қарор ва дигар санадҳо, аз ҷумла 25 қонуни наву мукаммалро, ки дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар нақши муассир мегузоранд, баррасӣ ва қабул намудаанд. 45 % лоиҳаи қонунҳо аз ҷониби вакилони Парлумон таҳия гардидааст, ки нисбати солҳои қаблӣ нишондоди хуб аст. Мавриди зикр аст, ки тибқи дастури Маҷлиси намояндагон вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат-Маҷлиси намояндагон аз 1 июл то 15 августи соли равон ба таътили тобистона мераванд.

Июнь 28, 2013 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш