Муроҷиатномаи Ш. Зуҳуров ба раиси Олий Мажлисии Ӯзбекистон
Душанбе, 10 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июни соли 2013 унвонии ҳамтои ӯзбеки худ –Дилором Тошмуҳаммадова- раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлисии Ӯзбекистон дар робита ба муроҷиати раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси ва гузориши Ҳаракати экологии Ӯзбекистон нисбати вазъи экологӣ дар атрофи Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» муроҷиатнома ирсол намуд. Дар муроҷиатномаи раиси Парлумони Тоҷикистон чунин омадааст: Мӯҳтарам Дилором Ғафурҷоновна, Муроҷиати Шумо, қарори Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва гузориши Ҳаракати экологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нисбати вазъи экологӣ дар атрофи КВД «Талко» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифт.Дар навбати аввал мехостам хотирнишон намоям, ки вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, хотири вакилони парлумони моро низ мушавваш сохтааст. Аз ҷумла, чораҳо оид ба таъмини бехатарии экологӣ дар мавзеъи КВД «Талко» зери назорати доимии вакилон қарор дорад, зеро вазъи саломатии шаҳрвандон моро ҳам бетараф гузошта наметавонад.Аз ин сабаб, далелҳо ва рақамҳои дар ҳуҷҷатҳои зикргардида саволҳои мантиқиро оид ба усули ҳисоб ва дараҷаи саҳеҳнокии онҳо ба вуҷуд меоваранд. Чӣ тавре, ки маълум аст, арзёбии илман асоснокшудаи таъсири экологии корхонаҳои саноатӣ ба муҳити зист, саломатӣ, генофонди аҳолии таҳҷоӣ, низоми экологии минтақа, мушоҳидаҳои бисёрсола бо истифодаи таҷҳизоти махсус ва ҷалби мутахассисони баландихтисосро талаб мекунад. Дар пайдоиши ин ё он беморӣ ва бад шудани вазъи саломатӣ дар ин ё он мавзеъ инчунин омилҳои дигар ба мисли камбизоатии оила ва бадтар шудани таркиби ғизо, истифодаи зиёди маҳсулоти воридотие, ки дар таркибашон маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағъирёфта зиёданд, мушкилоти дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ғайра таъсир мерасонанд.Далелҳои мутақобила ва иттилоот дар бораи фаъолияти ба ин муносибат амалшавандаи хадамоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумотномаи замимагашта, ки аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст, муфассал қайд шудаанд.Агар ба айбдоркунии тарафайн гузарем, ҷониби мо низ дар навбати худ метавонад далелҳои илман асоснок ва исботшудаи вайрон гардидани вазъи экологиро дар ҳудудҳои наздисарҳадии шимоли Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои Ӯзбекистон пешниҳод намояд.Корхонаҳои бузурги металлургӣ, заводҳои сементбарорӣ, шабакаҳои барқу гармидиҳии дар ноҳияҳои Бекобод ва Олмалиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгиршуда дар давоми ним аср боз ҳавои атмосфера ва захираҳои оби ноҳияҳои шимоли Тоҷикистонро олуда месозанд. Коршиносон зарари расонидаи онҳоро то ба садҳо миллион доллари амрикоӣ ҳисоб кардаанд. Вале муҳимтар аз ҳама зарари расонида ба саломатии аҳолӣ аст, ки дар ин ҳудуд зери таъсири ин омилҳо зиёда аз 600 ҳазор нафар аҳолии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Зафаробод зиндагӣ мекунанд.Вале мо чунин мепиндорем, ки бо баёни иддаои тарафайн масъалаҳои экологӣ ҳалли худро намеёбанд. Ба анъанаҳои неки қадимаи халқҳоямон такя карда таклиф дорем, ки баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта роҳҳои муштараки онро тариқи гуфтушуниди конструктивӣ паси мизи гуфтушунид ба роҳ монем. Дар ин ҷода, мо таҷрибаи кофии кор ва ҳалли шартномаҳои байнидавлатӣ оид ба масоили наздисарҳадӣ дорем.Мо метавонем ингуна гуфтугӯро дар доираи намояндагони парлумонҳои кишварҳоямон ба роҳ монем. Бо мақсади арзёбии ҳақиқии вазъи экологии ҳудудҳои баҳсноки ҳарду ҷониб пешниҳод менамоем, ки гуруҳи байнипарлумонии ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои экологӣ бо ҷалби коршиносони мустақили байналмилалӣ таъсис диҳем. Ин тарзи фаъолият имкон медиҳад, ки дар ниҳояти кор кишварҳои мо нуқтаи назари ягона ва оқилонаву одилонаро баҳри таъмини ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самарабахши табиат рӯи кор оранд.Мӯътақидам, ки ин тарзи кор ба ҳукуматҳои мо имконият медиҳад, ки ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисодӣ ва дигар механизмҳоро баҳри беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва санитарӣ-эпидемиологиро дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон оқилона истифода намоянд.Дар фарҷоми Муроҷиатномаи худ Шукурҷон Зуҳуров мегӯяд, ки –итминони комил дорам, ки танҳо тавассути чунин чораҳои муштарак мо метавонем ба боварии тарафайн ва муҳимтар аз ҳама ба ҳифзи саломатӣ, таъмини ҳимояи экологӣ, иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои аҳолии кишварҳои хеш ва дар маҷмӯъ минтақа расем.13.36.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






