Мусобиқа миёни кормандони ғайриштатии милитсия

Июнь 12, 2013 16:55

Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ дар байни кормандони ғайриштатии милитсияи РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Иди Ваҳдати миллӣ мусобиқаи бозии футбол дар байни ҷавонписарон ва мусобиқаи бозии шашкаю шоҳмот дар байни ҷавондухтарон оғоз гардид.Ғолибони мусобиқа бо мукофотҳои хотиравӣ аз тарафи ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ва РВКД дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи мазкур аз 10 июни соли ҷорӣ шурӯъ гардида, то 17 июни соли равон идома меёбад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД хабар доданд.

Июнь 12, 2013 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш