Мусобиқаи ҷумҳуриявии пауэрлифтинг дар Душанбе

Июнь 7, 2013 15:02

Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Рўзи 9 июни соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пауэрлифтинг доир мегардад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони дастаҳои шаҳри Душанбе 1, Душанбе 2, вилояти Суғд, Хатлон 1, Хатлон 2, ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи марказ дар вазнҳои 52, 56, 60, 67,5, 75, 82,5, 90, 100, 110, 125 ва аз 125 боло байни ҳам барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ талош хоҳанд кард.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.

Июнь 7, 2013 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш