Мусобиқаи варзишгарони ҷавон

Июнь 14, 2013 11:18

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 12 июн дар шаҳри Хуҷанд мусобиқоти шаҳрӣ аз рӯи гӯштини тарзи дзюдо баргузор гардид, ки дар он беш аз 100 нафар тарбиягирандагони мактабҳои варзишии шаҳр қувваозмоӣ намуданд.Тавре ки аз шӯъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқа байни наврасон сурат гирифт. Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни мусобиқа ҷиҳатҳои мусбату манфии гӯштингирон маълум гардида, ин чорабинӣ тадбири хубе барои тарғиби тарзи солими зиндагӣ ва ташвиқи гӯштини тарзи дзюдо дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб шуд.Дар мусобиқот А.Назаров, Д.Каримзода, Б.Тошхуҷаев, Х.Ҷабборов, Ш.Раҳимов, М.Турсунов ва И.Рустамов ғолиб омаданд.

Июнь 14, 2013 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш