Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми ФФТ

Июнь 26, 2013 11:37

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар»). – Дастаи футболи «Хайр» дар ҷараёни даври дуюми марҳалаи пешакӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 25 июн дар шаҳри Ваҳдат бо дастаи «Истиқлол» — и пойтахт вохӯрд. Ин бозӣ бо ҳисоби сифр бар сифр мусовӣ шуд. Дар вохӯрии дигар барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи ССКА «Помир» бо ҳисоби се бар сифр дастаи «Истиқлол» — ро мағлуб сохт. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Июнь 26, 2013 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш