Мусодираи беш аз 2 кило героин

Июнь 20, 2013 14:41

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Маъруфҷон Аюбов, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Хуҷанд, пеш бо моддаи 201 қисми 1 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир шуд. Тавре ки аз ВКД иттилоъ доданд, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ ба миқдори 2 килою 79 грамм маводи сахтаъсири героин дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Июнь 20, 2013 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш