Мутриби Русия ба Тоҷикистон меояд

Июнь 5, 2013 16:03

Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Ҳунарпешаи мардумии Русия, ҷоизи озмунҳои байналмилалӣ, сарояндаи Филармонияи давлатии Маскав, пианинонавоз Юрий Разум аз 10 то 12 июн дар шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ мекунад.Тавре ки аз намояндагии Ҳамкории Русия дар ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маросими ҳунарнамоии Юрий Разум 10 июн дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба С.Айнӣ оғоз меёбад. 11 июн дар толори асосии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Толибшо Сатторов консерти навбатии ин ҳунарпеша баргузор мегардад.Юрий Разум ҳамчунин бо муаллимону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон вомехӯрад.

Июнь 5, 2013 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш